Таҷлили солгарди Конститутсияи ҶТ

Ноябрь 5, 2012 16:24

Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Имрӯз, 5 ноябр, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 18 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид. Вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов иштирокдорони ин чорабиниро бо санаи фархунда муборакбод намуда, перомуни аҳамияти рӯзи Конститутсия, ки дар арафаи 20 — солагии Иҷлосияи 16 – уми таърихии Шӯрои Олии ҶТ қайд карда мешавад, нақл намуд. Сипас Сафаралӣ Наҷмиддинов дар вазъияти ботантана аз номи роҳбарияти Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба шахсони дахлдор барои иштироки фаъолонаашон дар кори Шӯрои роҳбарони мақомоти ваколатдор оид ба танзими бозорҳои қоғазҳои қиматбаҳои назди Кумитаи ҳамгироии АвруОсиё ифтихорномаҳо супурд. Дар ин бора аз Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 5, 2012 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад