Таҷлили солгарди мактаб

Ноябрь 1, 2012 10:41

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 31 октябр мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 6 – уми шаҳри Душанбе 15 – солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд. Дар Тоҷикистон ин муассиса ба ҳайси мактаби дивизияи 201 – ум шинохта мешавад.Ба ифтихори солгарди мактаб чорабинии идона роҳандозӣ шуд, ки дар он ҳамаи ҳайати мактаб ва шогирдони он иштирок доштанд. Қумондони пойгоҳи низомии 201 – уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Рюмшин, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов, намояндаи Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти федералии амният дар Тоҷикистон Фирӯз Аҳтамов, сардори ситоди асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамил Нодиров ва дигарон аҳли мактабро бо санаи фархунда муборакбод карданд.Сипас директори мактаб Мавлуда Турсунова меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз таърихи мактаб ва имрӯзи он нақл кард. Баъди қисми ботантанаи маросим бо иштироки хонандагони мактаб консерти калон баргузор гардид.

Ноябрь 1, 2012 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад