Таъсиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб

Ноябрь 9, 2012 14:50

Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз дар ноҳияи Варзоб вохӯрии роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону раисони ҷамоат ва директорони мактабҳо баргузор гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, дар мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират С. Девонаев доир ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот сухан намуда, диққати ҳозиринро ба самти касбомӯзӣ, забономӯзии ҷавонон ва пешгирии ноболиғон ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар ҷалб намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардид.Мақсад аз мулоқотҳои роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират бо бошандагони ин ноҳия танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.Дар мулоқот доир ба самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират ва намояндагиҳои он дар Федератсияи Русия, забономӯзӣ, касбомӯзӣ, масъалаи сафари ноболиғон ба ФР ва нигарониҳое, ки дар ин самт вуҷуд доранд, инчунин муҳокимаи умумии Қонун «Дар бораи муҳоҷират» ва таъсиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб ва пурзӯр намудани самтҳои ҳамкориҳо бо раисони ҷамоат ва мактабҳо баҳсҳо сурат гирифтанд.

Ноябрь 9, 2012 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад