Таваҷҷуҳи «Кончер» ва «Гёзум» ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2012 09:56

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо роҳбарони ширкати «Кончер», аз ҷумла раиси Шўрои идораи ширкат Томи Дужевич ва аъзои Шўрои идораи он Мирослав Полжак, инчунин бо раиси ширкати туркии «Гёзум» Усман Йилмаз мулоқот намуд.Сармоягузорони хориҷӣ оид ба ширкати худ ва имкониятҳои он маълумот доданд ва ролики муаррифгари ширкати «Кончер» намоиш дода шуд.Раиси Кумита ба сармоягузорон оид ба фазо ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон маълумот дода, роҷеъ ба мавҷудияти муҳити мусоид дар Тоҷикистон, ки дар ҷараёни босуръати татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷоригардонии равандҳои муосири пешбурди тиҷорат ва фаъолияти сармоягузорӣ қарор дорад, сухан гуфт.Дар мулоқот сармоягузорони хориҷӣ ҳавасмандии худро барои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика иброз намуда, ҷиҳати муайян намудани лоиҳаҳои эҳтимолӣ барои иштирок ва татбиқи минбаъда дархост пешниҳод карданд.

Ноябрь 21, 2012 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад