Телефони боварии «Барқи тоҷик» зиёд шуд

Ноябрь 30, 2012 14:32

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» бо назардошти фаро расидани зимистон, зиёд шудани истифодаи нерӯи барқ ва ба суолҳои худ ҷавоби саҳеҳ паёдо намудани муштариён кори телефонҳои навбатдорӣ ва бовариро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд. Телефонҳои навбатдорӣ ва боварӣ бевосита дар қабулгоҳи раиси ширкат насб шудаанд. Маълумотро гуруҳи навбатдорон, ки бевосита ба ин кор масъуланд, қабул менамоянд. Ҳар шарванди кишвар тавассути ин телефонҳо- 378835511 ва 378835522 метавонад ба навбатдорони ширкат занг занад ва арзу шикояти худро бобати бо барқ таъмин будан, аз ҷумла сабаби риоя нашудани меъёри лимит дар ин ё он минтақа иброз дорад. Дар тамоми шабакаҳои барқии минтақаву шаҳрҳо низ чунин телефонҳои боварӣ насб мешаванд ва рақамҳои онҳо дар сайти ШСХК «Барқи тоҷик» — barkitojik.tj- нашр гаштаанд.Инчунин дар ширкат таҳти рақами (44) 6106050 телефони боварӣ ташкил дода шудааст, ки муштариён метавонанд бобати ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ, аз ҷумла ба маҳаллаҳо ва шахсони алоҳида берун аз лимит додани барқ, ғорати барқ ва амалу рафтори ғайриқонунии назоратчиёни барқ маълумот пешниҳод намоянд. Ҳар як шаҳраванд аз тамоми нуқоти кишвар метавонад тавассути ин телефон бо ширкати «Барқи тоҷик» дар тамос шавад ва аз ҳодисаҳои мушаххаси дуздии барқ ва истифодаи ғайриқонунии он , ки амалан ғорати як қисмати ҳақки рӯшноиву гармиии тамоми ҷомеа аст, огоҳ намояд. «Барқи тоҷик» ба чунин шахсони дорои масъулияти баланди шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махфӣ нигоҳ доштани ному насаби онҳоро кафолат медиҳад. Хотиррасон менамоем, ки телефонҳои навбатдорӣ ва боварӣ ба таври шабонарӯзӣ ва дар рӯзҳои истироҳат низ фаъоланд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд.

Ноябрь 30, 2012 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд