«TM-international» чӣ мехоҳад?
Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).-Ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия «TM-international» VII-умин Намоишгоҳи байналмилалии таълимиро дар Тоҷикистон доир мекунад. Намоишгоҳ дар ҳамдастӣ бо Ҳукумат, палатаи савдо ва саноати кишвар ва Вазорати маорифи Тоҷикистону Малайзия рӯзҳои 8-9-уми ноябр аз соати 09:00 то 17:00 дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и пойтахт ва санаи 10-уми ноябр дар Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар VII-умин Намоишгои байналмилалии таълимӣ иштироки Сафири Малайзия, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва роҳбарони Донишгоҳҳои Британияи Кабир, Ҷумҳурии Хитой, Туркия, ҶИЭ, ИДА, ИДМ ва ғайра ба наќша гирифта шудааст. Дар ин намоишгоҳ толибилмон ва хоҳишмандон метавонанд аз тарзи таҳсилу омўзиш дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ иттилоъ пайдо намоянд. Тибқи иттилои директории ширкат Абдуразоқ Абдуллоев, мувофиқи шартномаҳои тарафайн дар намоишгоҳи таълимӣ донишгоҳҳои равияи илмҳои дақиқ, технологияи информатсионӣ, муҳандисӣ ва меъморӣ ширкат менамоянд. Ӯ мегӯяд азбаски дар Тоҷикистон ҳоло ба мутахассисони соҳаҳои илмҳои дақиқ ниёз ҳаст, онҳо тасмим гирифтанд, ки барои омода намудани чунин мутахассисони баландихтисос бо пешрафтатирин донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ қарордод ба имзо расонанд. Гуфта шуд соли равон ширкати «TM-international» бо Донишгоҳи такмили ихтисоси Лондон, Коллеҷи идоракунии Лондон, Донишгоҳи давлатии технологии Малайзия, Коллеҷи Президентии Малайзия ва Донишгоҳи «Skyline»-и Аморати муттаҳидаи Араб шартнома ба имзо расонд.








ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст






