Тўфони шадиди Сэнди дар ИМА

Ноябрь 1, 2012 13:21

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»),- Ба иттилои Bi-Bi-Si News шумораи фавтидагони тўфони шадиди Сэнди дар ИМА торафт афзоиш меёбад. Аз рўи маълумоти расида, бар асари офати табиӣ 16 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ба гуфти ҳавошиносон тӯфони шадид эҳтимол чанд рӯзи дигар идома ёбад. Аз тӯфони Сэнди бештар шаҳри Ню-Йорк зарар дида ва он беш аз 8 миллион нафарро аз истифодаи нерўи барқ маҳрум кардааст. То ҳол маълум нест, ки нерўи барқ кай ба сокинон дода мешавад. Дар баробари тӯфони шадид ҳамчунин обхезӣ ба амал омад, ки бар асари он метро ва ошёнаи якуму дуюми биноҳо зери об монд. Гуфта мешавад, ки баландии сатҳи об беш аз чор метрро ташкил медиҳад. Чунин ҳолат давоми беш аз сад соли ахир бори аввал ба қайд гирифта мешавад. Метроҳои шаҳрӣ низ зери об монда, ҳаракати қатораҳои зеризаминӣ қатъ гардид. Фаъолияти нақлиёти шаҳри пурра манъ карда шудааст. Бар асари тӯфон дар ноҳияи Куинс 80 бинои истиқоматӣ сӯхта валангор шуд. Барои хомӯш кардани сӯхтор садҳо нафар оташнишонон сафарбар гардиданд. Президенти ИМА Барак Обама Ню-Юоркро минтақаи офатзада эълон кард. Ба ҳисоби коршиносон зарари тӯфони Сэнди дар ИМА ба 20 миллиард доллар рост меояд.  Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 1, 2012 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад