Тўфони шадиди Сэнди дар ИМА
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар»),- Ба иттилои Bi-Bi-Si News шумораи фавтидагони тўфони шадиди Сэнди дар ИМА торафт афзоиш меёбад. Аз рўи маълумоти расида, бар асари офати табиӣ 16 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ба гуфти ҳавошиносон тӯфони шадид эҳтимол чанд рӯзи дигар идома ёбад. Аз тӯфони Сэнди бештар шаҳри Ню-Йорк зарар дида ва он беш аз 8 миллион нафарро аз истифодаи нерўи барқ маҳрум кардааст. То ҳол маълум нест, ки нерўи барқ кай ба сокинон дода мешавад. Дар баробари тӯфони шадид ҳамчунин обхезӣ ба амал омад, ки бар асари он метро ва ошёнаи якуму дуюми биноҳо зери об монд. Гуфта мешавад, ки баландии сатҳи об беш аз чор метрро ташкил медиҳад. Чунин ҳолат давоми беш аз сад соли ахир бори аввал ба қайд гирифта мешавад. Метроҳои шаҳрӣ низ зери об монда, ҳаракати қатораҳои зеризаминӣ қатъ гардид. Фаъолияти нақлиёти шаҳри пурра манъ карда шудааст. Бар асари тӯфон дар ноҳияи Куинс 80 бинои истиқоматӣ сӯхта валангор шуд. Барои хомӯш кардани сӯхтор садҳо нафар оташнишонон сафарбар гардиданд. Президенти ИМА Барак Обама Ню-Юоркро минтақаи офатзада эълон кард. Ба ҳисоби коршиносон зарари тӯфони Сэнди дар ИМА ба 20 миллиард доллар рост меояд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






