Вохӯрии судманд дар Вена
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 22-уми ноябри соли ҷорӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии муассисаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО)- ҷаноби Кандэ К. Юмкелла мулоқот доир намуд. ЮНИДО дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ба кишварҳои рӯ ба рушди ҷаҳон дар давраи гузариши иқтисодӣ бобати мубориза бар зидди кӯҳнапарастӣ кӯмак мерасонад. Ташкилоти мазкур бо ҷалби дониш, таҷриба, иттилоот ва технология дар масъалаи ба кор ҷалб намудан, рушди иқтисодиёти рақобатпазир ва таъмини устувории иқтисодӣ мусоидат менамояд. Ҷаноби Кандэ К. Юмкелла Директори генералии муасисаи Созмони Милали Мутаҳид оид ба рушди саноат (ЮНИДО) таҷрибаи 20-солаи кор дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мақсади рушд буда, иқдому ташаббусҳои алоҳидаро дар самти рушди устувори саноат, тавсиаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, таъсис додани шароитҳо барои савдо, истифодаи минбаъҳои азнавбарқароршавандаи энергея, таъмини самарабахши таъмин бо нерӯи барқ, ҳамчунин коҳиш додани таъсири натиҷаҳои тағирёбии иқлим ва мутобиқат ба он сарварӣ намудааст. Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ҷиҳати минбаъда густариш додани ҳамкориҳо дар доираи ЮНИДО таклифҳо ба миён гузошт. Дар доираи ЮНИДО ба наздикӣ бо мақсади рушди саноати хӯрокворӣ, бахусус коркарди хушкмева дар Тоҷикистон 1млн доллари ИМА ҷудо менамояд. Азбаски аз моҳи июли соли 2013 ваколатҳои ҷаноби К.Юмкелла чун сарвари бахши энергетикаи СММ оғоз мешавад, вобаста ба он Г. Шералӣ доир ба тавсиаи ҳамкориҳо дар масъалаи CASA-1000 ва дигар лоиҳахои энергетикӣ пешниҳодҳо ироа кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






