Ёде аз Аҳрор Мухторов
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии супоридани китобу дастхатҳо аз китобхонаи шахсӣ ва маҳфили ёдбуди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳрор Мухторов барпо шуд. Фарзандон ва пайвандони олим ба китобхона 3 ҳазор нусха китобро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва ҳуруфоти форсӣ тақдим намуданд. Китобҳоро ба таври расмӣ духтари акдемик Аҳрор Мухторов- Саодат Мухторова супорид.Тавре ки котиби матбуотии Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова иттилоъ дод, дар доираи чорабинӣ маросими боздид аз китобхонаи шахсӣ ва намоиши филми мустанад доир ба зиндагӣ ва фаъолияти илмии академик Аҳрор Мухторов барпо гардид. Маҳфили ёдбудро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Носирҷон Салимов ифтитоҳ намуд. Дар он олимони шинохтаи ҷумҳурӣ Хуршеда Отахонова, Кароматулло Олимов, Абдусаттор Нуралиев, Мирзо Муллоаҳмадов, Умринисо Сироҷиддинова, Худойназар Асозода, Ҳайдаршо Пирумшоев, Ҳамза Камол, Абдувалӣ Шарифов ва дӯстону пайвандон иштирок намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки адабиёти мазкур дар толори олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои истифодаи васеи хонандагон ва муштариён пешниҳод гардид. Ин хазинаи пурғановат барои истифодаи олимони соҳа, аспирантон ва донишҷӯён хеле зарурӣ ва муфид хоҳад буд. Боиси тазаккур аст, ки академик Аҳрор Мухторов тамоми умри пурбаракати худро ба илми тоҷик бахшида, беш аз 80 китоб ва рисолаи илмиву таълимӣ дар соҳаҳои катибашиносӣ, таърихи фарҳанг, таърихи асрҳои миёна ва ҳамчунин адабиётшиносӣ эҷод намуда, дар рушди илми тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз дастовардҳои муҳими олим бозёфти сангнавиштае бо дасти Бобур аз деҳаи Оббурдони Мастчоҳи куҳӣ мебошад. Ин бозёфт имрӯз Осорхонаи таърих, этнография ва бостоншиносии Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиннат медиҳад.Ин китобхонаи шахсӣ чорумин китобхонаи акдемикҳои АИ ҶТ аст, ки дар толори олимони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои истифодаи васеи хонандагон пешниҳод мегардад. Қаблан ҳамин гуна китобхонаҳо аз тарафи академик Талбак Назаров, пайвандони академикон Михаил Боголюбов ва Раҷаб Амонов барои нигаҳдорӣ ва истифода супорида шуда буданд.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






