Ғолиби озмуни «Донишҷӯи сол» муайян шуд
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Миёни 45 нафар донишҷӯи беҳтарини донишгоҳҳои Тоҷикистон дар озмуни «Донишҷӯи сол — 2012» ғолиби озмун муайян гардид. Даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол — 2012» миёни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дар толори Китобхонаи марказии вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид. Баъди муайян шудани ғолибони даври аввали озмун онҳо ба даври ниҳоӣ бо пешниҳоди роҳбарони макотиби олӣ роҳхат гирифтанд.Дар озмун аз мактабҳои олии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Душанбе 45 нафар донишҷӯи беҳтарин ширкат намуданд. Тибқи тартиби баргузорӣ сараввал аз толибилмон бо забони давлатӣ диктант гирифта шуд. Сипас ба онҳо дар доираи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон як саволӣ пешниҳод шуд, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамчунин омӯзгорон дониши забонӣ ва технологияи муосири довталабонро санҷиданд.Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур ҷои якум ба Наврӯза Алиқулова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷои дуюм ба А. Маҳмудов ва Азими Нуриддиншо, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюм ба С. Абдулқайсӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дода шуд.Ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиёни он бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардиданд.Сарчашмаи хабар илова намуд, ки мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷӯи сол- 2012» дар байни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дарёфти донишҷӯи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯёни кишвар дар руҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






