Ғолибони озмунҳои нухбагони соҳибкории Тоҷикистон
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова ). – Дар маросими ботантана, ки шоми рӯзи ҷумъаи гузашта дар маркази «Душанбе – Плаза» — и пойтахт баргузор гардид, ғолибони озмунҳои «Нухбагони соҳибкории Тоҷикистон» ва «Менеҷерҳои Тоҷикистон» эълон шуданд. Дар ин маросим соҳибкорони маъруфи кишвар, роҳбарони бархе сохторҳои давлатӣ, олимони иқтисоддон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.Баъди маросими расмӣ ғолибони озмунҳо таҳти навои дилписанди гурӯҳи машҳури эстрадии «Шамс» бо диплому армуғонҳои вазорату идораҳои кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ қадр карда шуданд. Дар анҷоми маросим раиси Анҷумани миллии менеҷеру маркетингшиносон Шавкат Бозоров аҳамияти роҳандозии озмунҳоро барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон зикр карда, изҳори умедворӣ намуд, ки чунин чорабиниҳо ҳар сол рӯи кор оварда хоҳанд шуд. Хотирнишон месозем, ки озмунҳои зикршуда бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ ва Шӯрои ҳамгироии анҷуманҳои тоҷирон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






