Ҳафтаи забони русӣ анҷом ёфт

Декабрь 14, 2012 10:37

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ). – 13 декабр дар толори калони консертии Донишкадаи давлатии санъат ба номи М.Турсунзода маросими ботантанаи хатми Ҳафтаи забони русӣ дар мавзӯи «Мо забони русиро меомӯзем» баргузор гардид.Дар ин чорабинӣ профессорону омӯзгорон, намояндагони Сафорати Русия дар ҶТ, Созмони ҳамкории Русия, ҳамчунин донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд. Барномаи чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқӣ ва қироати ашъори шоирони рус буд.

Декабрь 14, 2012 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш