Ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории гумрукӣ 5 номгўй кам шуданд
Душанбе, 7 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрўз парлумони Тоҷикистон ба Кодекси гумурки ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он теъдоди ҳуҷҷатҳое, ки барои ба расмиятдарории гумрукӣ пешниҳод мешаванд ва дар айни замон 10 номгўянд, 5 номгўйи он кам карда шуд. Неъмат Раҳматов –муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тавзеҳ дод ва гуфт: «Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси гумрук масъалаҳои кам кардани теъдоди ҳуҷҷатҳое, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳод мешаванд, ҳамоҳанг сохтани муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва аз байн бурдани номувофиқатии Кодекси гумруки ҷумҳурӣ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунанда дар мавриди муайян намудани синни ниҳоии нафақаи кормандони мақомоти гумрукро фаро гирифтааст. Дар робита ба ин тағйиру иловаҳо 12 моддаи Кодекси гумрукро дар бар мегиранд, афзуд Неъмат Раҳматов. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ афзуд, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади такмили маъмурикунонии соҳаи гумрук, содда гардонидани расмиёти гумрукӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар хусуси кам кардани теъдоди ҳуҷҷатҳо барои ба расмиятдарории гумрукӣ ба андозаи то 30% таъкид шуда буд. Ҷиҳати иҷрои ин супориш ба моддаи 131 Кодекси гумруки кишвар тағйиру иловаҳо ворид шудаанд, ки миқдори ҳуҷҷатҳои ба расмиятдарории гумрукиро кам карда, барои содда гардонидани расмиёти гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон ба моддаи 10-и Кодекс, ки мафҳумҳои асосӣ ном дорад, мафҳуми нав — мамониату маҳдудиятҳо дохил карда шуд, ки он чораҳои ҳимояи манфиати иқтисодии Тоҷикистонро дар фазои хориҷӣ, аз ҷумла системаи чораҳои назорати содирот, татбиқи мутобиқат ба стандартҳо ва талабот оид ба бехатарии мол мутобиқи стандартҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардида, ифода менамояд. Ҳамзамон ба моддаҳои 80, 149 ва 314 –и Кодекси гумрук тағйиру иловаҳо дохил гардидаааст. Муовини сардори Хадамоти гумруки кишвар афзуд, ки масъалаи пешниҳоди имтиёзҳо ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 345 Кодекси гумрук дар таҳрири нав мутобиқ ба моддаи 169-и Кодекси андоз ифода гардидааст, ки он барои озод намудани воридоти тамоми номгўи таҷҳизоти технологии муосир аз тамоми намудҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба моддаи 488 –и Кодекси гумрук, ки асосҳои қатъ кардани хизматро дар мақомоти гумрук муқаррар менамояд, тағйирот ворид шуда, банди дуюми моддаи мазкур ҷиҳати мутобиқ сохтани меъёрҳои он ба қонунҳои амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Бо мақсади муқаррар намудани маҳдудиятҳо вобаста ба синн ҳангоми адои хизмат дар мақомоти гумрук ба Кодекси гумрук моддаи нав — 500 эзоҳи 1 илова шудааст, ки он вобаста ба вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти гумрук ва хусусиятҳои хосси адои хизмат синни ниҳоии ба нафақа баромадани кормандонро муайян менамояд. Тағйиру иловаи мазкур бо мақсади дар як сатҳи баробар қарор додани вазъи ҳуқуқии кормандони мақомоти гумрук бо кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амал бароварда шудааст. Моддаи дигари иловашудаи 500 эзоҳи 2 тартиб ва андозаи пардохти кӯмакпулии яквақтаро ҳангоми ҷавоб шудан аз хизмат дар мақомоти гумрук ва баромадан ба нафақаро муайян месозад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






