Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба соҳибкории ватанӣ

Декабрь 7, 2012 16:24

Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукот барои гузаронидани конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ оид ба рушди институтсионалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.  Ҷаласаи кумитаи тадорукотро вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷоя бо Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи миллии менеҷерон ва маркетингшиносон тасмим гирифтаанд, ки рӯзҳои 18-19 марти соли 2013 конфронси ҷумҳуривии илмию амалиро доир намоянд. Ҳадафи конфронс баланд бардоштани самаранокии соҳибкории ватанӣ дар асоси такмили омилҳои институтсионалӣ ва рушди ояндаи фазои институтсионалии соҳибкорӣ мебошад. Аз рӯи иттилои Ш. Раҳимзода, яке аз самтҳои асосии «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» аз рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ва дастгирии синфи миёнаи аҳолӣ иборат аст. Аз ин лиҳоз, баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ метавонад дар татбиқи ҳадафҳои Стратегияи мазкур мусоидат намояд. Бояд гуфт, ки дар ҷамъомад ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат варзиданд.

Декабрь 7, 2012 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад