Ҷаласаи Шӯрои ҳамгироӣ

Декабрь 25, 2012 11:20

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 24 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамгироии ҷумҳуриявӣ оид ба ҷилавгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар бахшида ба ҷамъбасти натиҷаи татбиқи Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012 баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини директори Агентӣ Бунафша Одинаева зимни суханрониаш зикр намуд, ки дар давраи татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ тайи солҳои 2008 ва 2012 беш аз 24 тонна маводи нашъаовар аз гардиши ғайриқонунӣ бароварда шуд. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи вазорату идораҳои салоҳиятдори ҷумҳурӣ дар бораи натиҷаи фаъолият ва татбиқи барнома шунида шуд. Ҳисоботи пурра дар бораи ҷамъбасти барнома моҳи январи соли 2013 ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод мегардад. Аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Декабрь 25, 2012 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад