Ҷамъбасти пурсиши ҳармоҳаи ФФТ

Декабрь 14, 2012 16:24

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) натиҷаи пурсиши ҳармоҳаро, ки моҳи ноябр роҳандозӣ шуд, ҷамъбаст намуд.Аксарияти мутахассисон дар бахши «Бозингари беҳтарини моҳи ноябр» ба тарафдории ҳамлагари дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб Наврӯз Рустамов овоз доданд.Маъруф Рустамов, ки дастааш бори нахуст дар таърихи мусобиқоти кишвар қаҳрамони Тоҷикистон гардид, мураббии беҳтарин дар моҳи ноябр дониста шуд. Хотирнишон месозем, ки Маъруф Рустамов ду моҳ паи ҳам мураббии беҳтарин дониста шудааст.Дар бахши «Довари беҳтарини моҳи ноябр» довари таҷрибадори пойтахт Раҳмон Муртазоев пирӯз шуд.Ҷоизони моҳи ноябр — Наврӯз Рустамов, Маъруф Рустамов ва Раҳмон Муртазоев ҳар кадом бо мукофоти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд.Федератсияи футболи Тоҷикистон вақтҳои наздиктарин бозингарони беҳтарин (дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳамлагар), мураббӣ ва довари мавсими соли 2012 – ро эълон мекунад.Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 14, 2012 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст