Ҷашнвораи табибони халқӣ

Декабрь 26, 2012 11:33

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Шифобахшии пурраи организми инсон» — чунин буд мавзӯи суханронии табиби халқии Тоҷикистон доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ дар ҷашнвораи табибони касбӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Анҷумани тибби халқии Русия роҳандозӣ шуда буд. Дар кори анҷуман олимони маъруф, профессорон, докторони тибби халқӣ ширкат доштанд. Дар ҷараёни ҷашнвора сухан дар бораи низоми анъанавии шифобахшии беморон мерафт.Дар ҷашнвора доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ дар баробари масоили зикршуда аз хусусиятҳои шифобахшии растаниҳои Тоҷикистон ва фитотерапия (муолиҷа бо растаниҳои шифобахш) муфассал нақл кард.Доктор Тоҳирӣ зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки тайи 10 соли охир дар беш аз 10 конгресси байналмилалӣ аз рӯи масоили мухталифи тибби халқӣ иштирок кардааст.

Декабрь 26, 2012 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст