18 декабр- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

Декабрь 17, 2012 16:48

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳамасола дар ҷаҳон 18 декабр Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро ҷашн мегиранд.  Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё рӯз то рӯз меафзояд. Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар бисёр мамлакатҳо ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ, дар паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷирон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дар бар мегирад, саҳми худро мегузоранд. Мутобиқи ҳисоботи Созмони байналмилалии муҳоҷират имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 млн.нафар расида ва тибқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050 ин шумора ду баробар зиёд гардида, ба 405 млн. нафар мерасад. Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии худро талаб менамояд. Ҳар сол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 700 ҳазор нафар шаҳрванд равона мегарданд ва онҳо нигарони он ҳастанд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.Бояд гуфт, ки 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуд ва 4-уми декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии СММ Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро, ки ҳамасола 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, ба расмият даровард.

Декабрь 17, 2012 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд