18 декабр- Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Ҳамасола дар ҷаҳон 18 декабр Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро ҷашн мегиранд. Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз он сарчашма мегирад, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё рӯз то рӯз меафзояд. Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар бисёр мамлакатҳо ҷашн гирифта шуда, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар навбати худ, дар паҳн намудани маълумотҳо оид ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии муҳоҷирон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои гуногун ва семинарҳои корие, ки қонун дар бораи муҳоҷиронро дар бар мегирад, саҳми худро мегузоранд. Мутобиқи ҳисоботи Созмони байналмилалии муҳоҷират имрӯз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 214 млн.нафар расида ва тибқи пешбиниҳои СБМ то соли 2050 ин шумора ду баробар зиёд гардида, ба 405 млн. нафар мерасад. Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии худро талаб менамояд. Ҳар сол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 700 ҳазор нафар шаҳрванд равона мегарданд ва онҳо нигарони он ҳастанд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.Бояд гуфт, ки 18-уми декабри соли 1990 Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро қабул намуд ва 4-уми декабри соли 2000 Ассамблеяи Генералии СММ Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро, ки ҳамасола 18 декабр ҷашн гирифта мешавад, ба расмият даровард.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






