30 млн. сомонӣ барои соҳаи тандурустӣ

Декабрь 19, 2012 14:48

Хоруғ, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Мувофиқи иттилои раёсати тандурустии ВМКБ соли оянда дар ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Рӯшон бунёди марказу бунгоҳҳои нави саломатӣ, дар ноҳияи Дарвоз сохтмони бинои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ сохтмони беморхонаи вилоятии табобати касалии сил идома дорад. Сохтмон ва таҷҳизи он 4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бунёди он аз ибтидои соли 2011 оғоз ёфта, то имрӯз беш аз 60 дарсади корҳо иҷро шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ ба дастгирии ҳукумати кишвар ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ бунёди ду маркази ҷумҳуриявии соҳаи тандурустӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар маҷмуъ барои соҳаи тандурустии вилоят соли равон беш аз 30 миллион сомонӣ сарф гардид, ки нисбат ба соли 1991 – ум 700 баробар бештар аст.

Декабрь 19, 2012 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад