593 ҳазору 846 нафақагир дар Тоҷикистон

Декабрь 17, 2012 10:18

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Зиёда аз 177 ҳазору 291 нафар нафақагири 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таввассути кортҳои пластикӣ нафақаи худро дастрас менамоянд.  Аз рӯи иттилои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ , ҳаҷми маблағи пардохтшуда ба ҳолати якуми сентябри соли равон 38 млн. 436 ҳазору 897сомониро ташкил намуд. Дар назар аст, ки то семоҳаи аввали соли 2013 дар пардохти нафақаи 79 ҳазору 880 нафақагири ш. Қайроқум, Роғун. Сарбанд, Чкалов, инчунин ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Данғара, Хуросон, Бохтар, Ҷилликул ва Ванҷ тартиби нави хизматрасонӣ ба роҳ монда мешаванд. Аз рӯи иттилои манбаъ, то якуми ноябри соли равон теъдоди асноди ҷамъоваригардида ва омодашудаи нафақагирон 70 ҳазору 946 ададро ташкил дод, ки аз он 38 ҳазору 206 адад ба компютер ворид карда шудааст. Ба ҳолати 1 декабри соли 2012 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 593 ҳазору 846 нафарро ташкил намуд.  

Декабрь 17, 2012 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад