Афзоиши парвозҳо ба самти Дубай

Декабрь 12, 2012 12:45

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» афзоиши парвозҳоро ба самти Дубай эълон медорад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ширкати мазкур хабар доданд, аз 17-уми декабр парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе ҳафтае се маротиба-рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз фурудгоҳи пойтахтамон рӯзҳои душанбе — 18.30 ба вақти маҳаллӣ, рӯзҳои чоршанбеву шанбе – соати 21:00. Дар робита бо иқдоми мазкур ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мусофироне, ки барои рӯзҳои 17-ум, 24-ум ва 31-уми декабр чипта мехаранд нархномаи махсус — 180 евро ба як самт пешниҳод медорад. Дар айни ҳол парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 2 ҳавопаймои «Боинг 737-900», 2 ҳавопаймои «Боинг 737-800» ва 2 ҳавопаймои «Боинг 737-300» иборат аст. Ширкати ҳавопаймоӣ ба ҷуз кишварҳои ИДМ, ҳамчунин ба Франкфурти лаби Майн, Истанбул, Дубай ва Урумчи парвозҳо анҷом медиҳад.

Декабрь 12, 2012 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд