Боздиди Сарвазир аз рафти таҳкими соҳил дар минтақаи Кўлоб
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоии бевосита бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соли 2012 Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов аз мавзеҳои хавфноки надзисоҳилии шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дидан кард. Оқил Оқилов бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки бо маблағгўзории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, дар соҳилҳои дарёҳо ва рўду сойҳои Ёхсу, Даҳана, Тебалай ва Зиракии шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеъ шинос шуда, барои анҷоми босифати корҳои пешбинишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Аз ҷумла бо мақсади саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳо дастур дода шуд, ки лоиҳаи комили корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеҳои номбаршуда таҳия гардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.Ҳамзамон аз масъулини дахлдор талаб карда шуд, ки ҷиҳати таъмини бехатарии аҳолии назди соҳили рўду дарёҳо, масолеҳи сохтмонӣ ва маблағи зарурӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҷараёни шиносоии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳри Кўлоб ва ноҳияи Восеъ дар машварати корӣ бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои минтақа натиҷагирӣ карда шуд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






