Дарёфт ва мусодираи 500000 дона маводи пиротехникӣ

Декабрь 6, 2012 15:21

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-1 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Фурқат Ҷӯраев, соли таваллудаш 1990, сокини кӯчаи Роҳи Нав, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми тафтиши манзили истиқоматии ӯ 8 халтае, ки дар дохилашон 500000 дона маводи пиротехникӣ буд, дарёфт ва мусодира шуд.Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Комрон Наимов, соли таваллудаш 1993, сокини к.Борбад, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир шуд, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ як қуттӣ, ки дар дохилаш 600-дона маводи пиротехникӣ дошт, дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 6, 2012 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад