Дашти Сижд обод мешавад
Хоруғ, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дашти Сижд яке аз мавзеъҳои калонтарини ноҳияи Шуғнон маҳсуб меёбаду аз сабаби норасоии оби полезӣ солҳо боз мавриди баҳрабардорӣ қарор надошт. Вазъияти мазкурро ба инобат гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нав»-ро дар ин мавзеъ роҳандозӣ намуд. Ҳоло корҳои ҳамворкунӣ ва сохтмони канали Сижд идома дорад. Тавре ки муовини сардори хоҷагии оби ноҳияи Шуғнон Амиршо Шаҳбодов иброз дошт, канали Сижд бо дарозиии 5 километр бунёд ёфта, аллакай корҳои сохтмонӣ ва ҳамворкунӣ дар масофаи 1,5 километр ба анҷом расидаанд. Барои интиқол додани об аз канал қубурҳои диаметрашон 800 см васл карда мешаванд. Коршиносон бар онанд, ки дар сурати пурра азхуд гардидани заминҳои дасши Сижд аҳолии зиёди минтақаи куҳистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, вазъи иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






