Дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ
Душанбе,13 декабр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ҳангоми мавриди омӯзиш қарор додани зерлоиҳаҳое, ки аз тарафи лоиҳаи «Рушди деҳот»- и ноҳияи Файзобод пешниҳод шудаанд, зерлоиҳаи «Сохтмони хатти оби нӯшокии деҳаҳои Кӯлобиёну Сари Чинори ҷамоати Ҷавонон» ҳамчун зерлоиҳаи бартар интихоб шуда буд ва 12 декабри соли равон иншооти обрасонии мазкур пеш аз муҳлат ба истифода дода шуд.Шумораи умумии истифодабарандагони хатти оби нӯшокии мазкур 5345 нафар буда,дарозии хат зиёда аз 15 км-ро ташкил медиҳад.Тавре ки сармутахассиси Маркази идораи лоиҳаи «Рушди деҳот» М.Музаффаров ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ин иншооти 3-юм дар ноҳияи Файзобод ва дар умум 20- умин иншоот дар дигар минтақаҳои кишвар ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи «Рушди деҳот» бунёд шудаанд.Сохтмони иншооти мазкур имконият медиҳад,ки мардум бо оби тозаи ошомиданӣ пурра таъмин гарданд ва аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда эмин бошанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






