Дурнамои истеҳсоли пахта 103,3 фоиз иҷро шуд
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 24 декабр дар ҷумҳурӣ 414 ҳазору 157 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 103,3 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Тавре ки аз Вазорати кишоварзии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли ҷорӣ деҳқонони кишвар дар масоҳати 199 ҳазору 466 гектар пахта кишт намуданд. Имсол деҳқонони вилояти Хатлон 278 ҳазору 913 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 105,3 фоизи дурнаморо ташкил дода ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 6 ҳазору 729 тонна зиёд аст. Кишоварзони хоҷагиҳои вилояти Суғд 113 ҳазору 727 тонна пахта ғундоштаанд, ки 101 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 21 ҳазору 517 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 85,7 фоизи дурнамо мебошад.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






