Э. Раҳмон: «Падару модари шумо Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аст!»

Декабрь 28, 2012 15:12

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе боздид намуд. Нахуст Сарвари давлат ҳамаи тарбиятгирандагон ва мураббиёни мактаб-интернатро бо фарорасии Соли нави мелодии 2013 табрик гуфта, шахсан худаш ба тарбиятгирандагон туҳфаҳо тақдим намуд.Тавре ки маълум гардид, мактаб-интернати мазкур 557 нафар тарбиятгиранда дорад, ки аз ин шумора 314 нафараш аз оилаҳои камбизоат буда, 37 нафар ятиму бепарастор мебошанд. Ба онҳо 43 омӯзгор ва 36 мураббия таълим медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки мактаб-интернати мазкур нав аз таъмир бароварда шуда, дорои толори варзишӣ, ошхона, 18 ҳуҷраи хоб, ки бо таҷҳизоти муосир пурра таҷҳизанд, 22 синфхона, синфхонаи компютерӣ бо 16 компютер мебошад. Президенти мамлакат зимни боздид аз мактаб-интернат таъкид кард, ки ҳамаи ин кам аст ва дастур дод, ки тамоми синфхонаҳо бо тахтаҳои синфии компютерӣ ва компютерҳо таҷҳиз гарданд.Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ятимону бепарасторон гуфт, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-ин кӯмак ба оилаҳои камбизоат ва ятимон аст: «Шумо ҳеҷ гоҳ руҳафтода нашавед, ки падару модар надоред, падару модари шумо Сарвари давлат ва Давлату Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд ва давлат ҳамеша дар ҳаққи шумо ғамхорӣ мекунад»,-таъкид кард Сарвари давлат.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар ҶТ зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятиму бепарастор монданд. Сарвари давлат ба кӯдакон муроҷиат карда гуфт, ки илму дониш омӯзанд ва ҳунар ёд гиранд, зеро ояндаи мамлакат дар дасти ҷавонон аст. Сарвари давлат аз тарбиятгирандагон хоҳиш кард, ки забон омӯзанд ва аз техникаю технологияи навин ҳарчи бештар бархурдор шаванд.Президенти ҶТ аз мураббиёну омӯзгорон хоҳиш намуд, ки бо кӯдакон мисли фарзандони худ рафтор кунанд, чунки онҳо муҳтоҷи навозишу меҳрубонӣ мебошанд. Сарвари давлат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки на ҳамаи омӯзгорону мураббиён вазифаи худро софдилонаю содиқона иҷро мекунанд.Президенти кишвар ба масъулини Вазорати маориф ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дод, ки ба мактаб-интернат бештар аҳамият диҳанд, то ҳаққи кӯдакон тороҷ нашавад.-Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таълиму тарбияи онҳо доимо ғамхорӣ мекунад,-изҳор намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.Ҳамчунин кӯдакон дар ҳузури Сарвари давлат барномаи фарҳангии худро намоиш доданд.

Декабрь 28, 2012 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст