Густариши ҳамкорӣ

Декабрь 17, 2012 16:49

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндаи тиҷоратии Сафорати Бангладеш Орифур Раҳмон Апу масоили ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бангладешро мавриди муҳокима қарор доданд.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Орифур Раҳмон Апу зимни мулоқот зикр намуд, ки сафорат рушду густариш бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишварро ҳадафи худ қарор додааст.Шариф Саид дар навбати худ ба мусоҳибаш аз хусуси пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо хабар дода, диққати меҳмонро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон ва вазъи сармоягузорӣ ҷалб намуд. Зикр шуд, ки ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати маъдан, коркарди пашм, чарм, нахи пахта, саноати хӯрокворӣ, бахшҳои тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба маҳсуб меёбанд. Сипас мулоқот бо иштироки намояндагони ширкатҳои «Сафари коттон – Инвест», «Олим тексайл», «Экон», «Фаронак» дар мавриди судури нахи пахта ба Бангладеш давом дода шуд. Имрӯз содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба Бангладеш 35 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо аҳд намуданд, ки ҳамкорӣ дар ин самт вусъат дода шавад.

Декабрь 17, 2012 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд