Хабарҳо аз Бадахшон

Декабрь 3, 2012 17:28

100 – солагии Тилло Пӯлодӣ дар Хоруғ Хоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Бахшида ба 100 – умин солгарди шоири маҳбуби тоҷик Тилло Пӯлодӣ бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ доир гардид. Зикр шуд, ки Т. Пӯлодӣ дар овони кӯдакӣ шомили мактаби навтаъсиси шӯравӣ гардида, пас аз он ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти педагогии шаҳри Сталинобод дохил мешавад. Аз соли 1940 то охири умр ҳамчун устоди кафедраи адабиёти тоҷик дар Институти педагогии шаҳри Душанбе (ҳозира Донишгоҳи омӯзгорӣ) ба ҳайси омӯзгор адои вазифа кард. Шоир аввалин шеъри худро дар синни 15 — солагӣ эҷод кардааст. Тилло Пӯлодӣ муаллифи китобҳои «Туҳфаи шоир», «Номаи бахт», «Баҳори шодӣ», «Гулҳои Бадахшон» ва ғайраҳо мебошад. Ӯ бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон», ҳамчунин бо ордену медалҳои «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шоён» сарфароз гаштааст. Барқ бошад сармо таъсир намекунадХоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар Бадахшон баробари нерӯгоҳҳои дигар нерӯгоҳи барқию обиии «Хоруғ» фаъолият дорад, ки ибтидои солҳои 70 – уми асри гузашта бунёд шуда, таҷҳизоти онро борҳо иваз намудаанд. Имрӯз панҷ агрегати он дар як шабонарӯз беш аз 9 ҳазор киловатт- соат қувваи барқро истеҳсол менамояд. Иқтидори изофаи он, бахусус фаслҳои сармо ба ҷуз аз истеъмолкунандагони шаҳри Хоруғ ҳамзамон дастраси сокинони ноҳияҳо низ мегардад. Коршиносон бар онанд, ки дар фаслҳои сармо, ҳолати техникии он коҳиш нахоҳад ёфт, зеро барои пешгирии ин ё он садама дар ин ҷо тадбирҳои лозимӣ пешбинӣ шудаанд. Ярмаркаи фурӯши маводи ғизоӣ дар ХоруғХоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ҷиҳати танзими нархи маводи озуқа, бахусус орд дар бозору дӯконҳои фурӯши маводи ғизоии шаҳри Хоруғ Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят ҳар рӯзи шанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти озуқавориро ташкил менамояд. Дар ярмарка орду биринҷ, намаку шакар , чой, равған ва дигар маводи ғизоӣ бо нархи 15 – 20 дарсад арзонтар аз нархи бозор ба фурӯш бароварда мешавад. Инчунин дар як гӯшаи бозори марказии шаҳри Хоруғ Агентии захираҳои моддии давлатӣ нуқтаи фурӯши маводи озуқаро ташкил намудааст, ки харидорон ҳамарӯза метавонад аз ин ҷо орду биринҷу равған, чою шакар ва дигар маводи ғизоиро бо нархи арзон дастрас намоянд. 24 фиристандаи телевизионӣХоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон домани пахши барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ пайваста васеътар мешавад. Ба гуфти сардори Маркази пахши барномаҳои радио ва телевизиони ВМКБ Наврӯзмаҳмад Ниёзмаҳмадов, ҳафтаи ҷорӣ дар деҳаҳои Сохчарви ҷамоати Дарвоз насби фиристандаи барномаҳои телевизиони «Шабакаи аввал» ва «Ҷаҳоннамо» сомон дода шуд. Аз ибтидои сол дар навоҳии вилоят 24 адад фиристандаи барномаи телевизиони «Баҳористон» насб шуд. Ҳоло дар вилоят барномаи шабакаи аввал 99,3, «Сафина» 90, «Ҷаҳоннамо» 83 фоиз пахш мешавад. Пахши барномаҳои телевизиони «Баҳористон» ибтидои соли ҷорӣ 68 дарсад буда, ҳоло ин рақам ба 76 дарсад расидааст. Ба 4 деҳа об омадХоруғ, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Сокинони деҳаи Тавдеми ҷамоати деҳоти Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз камбудии оби ошомиданӣ минбаъд ташвише надоранд. Бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва маблағгузории Бунёди Оғохон дар масофаи 8 км аз мавзеъҳои Чашма ва Баҳлуҷангал хатти об кашида шуд. Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иттилоъ доданд, соли ҷорӣ дар деҳаҳои Шувчев, Сежд ва Амбав низ аз тариқи барномаҳои гуногун хатҳои об кашида шуданд.

Декабрь 3, 2012 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст