Хабарҳо аз Бадахшон

Декабрь 13, 2012 11:35

Имдод ба маъюбонХоруғ, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Дастгирии иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла таъмини онҳо бо воситаҳои техникӣ мавриди назари мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Ҳар сол таъмини маъюбон бо узвҳои ориятӣ зиёд ба назар мерасад . Дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зиёда аз ҳафту ним ҳазор нафар маъюб сабти ном шуда, 1064 нафарашон то синни 18 сола мебошанд. Соли ҷорӣ ба 7572 нафари имконияташон маҳдуд аз ҷониби Ширкати захираҳои давлатӣ ёрии моддӣ расонида шуд. Соли 2012 аз тарафи мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба маъюбон ба маблағи 62 ҳазору 684 сомонӣ ва аз тарафи шахсони алоҳида ба маблағи 21 ҳазору 413 сомонӣ кӯмаки пулию молӣ расонида шуд. Роҳи Қулма тамоми сол кушода астХоруғ, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Масъалаи дар ҳамаи фаслҳои сол кушода будани Шоҳроҳи Абрешим- Қулма – Хоруғ – Душанбе ҳалли худро пайдо кард. Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, бо супориши ҳукумати кишвар бо давлати ҳамсоя тавофуқнома ба имзо расид. Алҳол Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳоеро ҷустуҷӯ дорад, то дар мавзеъҳои аз ҳама мушкилгузар – ағбаҳои Қулма ва Кӯйтезак ҳаракати мошинҳои боркашу сабукравро бидуни монеа таъмин нмоянд. Ба ин мақсад ба ағбаи Кӯйтезак се механизми роҳтозакунӣ интиқол дода шуд ва дар рӯзҳои наздик чунин техника ба ағбаи Қулма низ интиқол меёбад. Соли равон ба воситаи ин роҳ беш аз 480 ҳазор тонна маводи зарурии рӯзгор ба маблағи 33 миллион доллари амрикоӣ кашонида шуд. Тавассути дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта дидбонгоҳи гумрукии мавзеи Қулма бо таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин гардид. Ҳоло кормандони дидбонгоҳ имконият доранд дар мавсими кушода будани роҳ ҳаракати бонизоми нақлиёти боркашро дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монанд.Аз маҳсулоти чорво бояд истифода бурдХоруғ, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Чорводорӣ яке аз соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ВМКБ маҳсуб мешавад, аммо аз маҳсулоти он на ҳама вақт пурра истифода мебаранд. Тавре ки мутахассиси пешбари бахши кишоварзии дастгоҳи раиси вилоят Суҳроб Мӯсоев гуфт, аз тариқи бонкҳо мақомоти давлатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маблағи муайян ҷудо кард, аммо дар ин самт кор ҳанӯз нокифоя аст. Чанд сол пеш дар ҳудуди вилоят се корхонаи хурди коркарди шир – дар водиҳои Ҷавшангоз, Хуф ва ҷамоати деҳоти Даштқалъа ба фаъолият оғоз намуданд ва таҷриба нишон дод, ки аксари ин корхонаҳо фаъолияти мавсимӣ ва саҳлангории соҳибкоронро яке аз иллатҳои монеи рушди ин соҳа унвон карда, изҳор намуд, ки аксари соҳибкорон интизори онанд. ки гӯё касе аз берун омада, барояшон ройгон корхона бунёд мекунад. Мақсад — тарзи ҳаёти солимХоруғ, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ба мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ҳаёти солими ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти фарҳангӣ ва фароғатии онҳо Ҳукумати Ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Танҳо дар 3 соли охир дар вилоят варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ, Маркази ҷавонон, варзишгоҳҳои маркази навоҳии Ванҷу Роштқалъа, Қасри варзишии ноҳияи Дарвоз ва беш аз 20 майдончаи варзишии мактабӣ бунёд гардид. Тавре ки аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, дар 2 – 3 соли оянда дар маркази кулли навоҳии вилоят варзишгоҳҳо бунёд мегарданд.

Декабрь 13, 2012 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст