Хабарҳо аз минтақаи Кӯлоб
Мактаби нав дар КӯлобКӯлоб, 31 декабр.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Соли 2010 бар асари боронҳои сел ва баланд гардидани сатҳи оби сою дарёҳо мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 44 – и ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб зарар дид ва бо супориши Сарвари давлат дар ҷамоати мазкур ба сохтмони мактаби замонавӣ оғоз карданд.Корҳои сохтмонии мактабро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Марҷона» ба уҳда гирифта, дар як муддати кӯтоҳ қисмати асосии корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Мактаби мазкур дорои 10 синфхона, китобхона, хонаи муаллимон ва утоқи кории директор мебошад. Дар мактаб барои нигоҳдории сӯзишворӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ анбор низ сохта шудааст. Аз оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоот 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ фаъолият доранд. Баъди ба истифода супоридани мактаб имкони ба таълим фаро гирифтани 360 нафар мактаббача дар як баст фароҳам меояд. Маблағгузории корҳои ободонии атрофи мактабро, ки беш аз 150 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба уҳда гирифтааст ва он ҳам рӯзҳои наздик иҷро хоҳад шуд.Вазъи муассисаҳои тиббӣ дар МӯъминободМуъминобод, 31 декабр.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар давоми ду соли охир дар ноҳияи Муъминобод тибқи барномаи тибби оилавӣ бо кӯмаки Хадамоти тандурустии Оғохон ва сарпарастии Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ 10 иншооти тиббӣ таъмир ва бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Вобаста ба пешравии илму техника аксари кормандони соҳаи тиб аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд, ки дар ин омӯзишҳо мутахассисон дониши соҳавӣ ва таҷрибаи хешро ғанӣ гардонанд. Дар айни замон дар ҳамаи муассисаҳои тиббии ноҳия духтурони ботаҷриба фаъолият доранд. Муассисаҳои тиббии таъмиргардидаи ноҳия, ки дар ҷойҳои сераҳолӣ ҷойгиранд, ба 33 ҳазор нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Маврид ба ёдоварист, ки дар давоми панҷ соли охир дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону маблағҳои инвеститсионӣ аксари ммуассисаҳои тиббӣ таъмиру навсозӣ гардидаанд. Васли қубурҳои об дар ҲамадонӣКӯлоб, 31 декабр.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Тоҷикистон дорои захираҳои бои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ мебошад, вале қисми зиёди аҳолии кишвар ба он дастрасӣ надорад. Баҳри рафъи ин мушкилот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни давлатиро тарҳрезӣ ва амалӣ мегардонад. Дар ҳамин замина дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ зери лоиҳаи беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ бо дастгирии ҳукумати Ҷопон корҳо идома доранд ва то имрӯз ба масофаи 45 км қубурҳо кашида ва васл гардидаанд, ки баъди анҷоми ин лоиҳа қисми зиёди аҳолии ноҳия бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Лоиҳаи мазкур на танҳо дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ, инчунин дар маркази ҷамоати деҳоти Қаҳрамон низ амалӣ мегардад. Аҳолии деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қаҳрамон баъди солҳои тӯлонӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Бино бр иттилои масъулон баъди ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ масъалаи таъминоти аҳолии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо оби нӯшокӣ пурра ҳалли худро хоҳад ёфт.








Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд






