Ифтитоҳи мактаби навбунёд аз ҷониби Сарвари Давлат дар Ҳисор

Декабрь 6, 2012 09:59

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ, Афшини Муқим).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор ташриф овард. Дар оғози сафари кории худ Сарвари давлат мактаби навбунёди №59-и деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Сомонии ноҳияро бо буридани лентаи рамзӣ ифтитоҳ бахшид.  Корҳои сохтмонӣ дар мактаби мазкур аз моҳи марти соли 2011 оғоз гардидаву дар он 150-200 сохтмончии маҳаллӣ фаъолият намудаанд. Мактаби №59 бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он 624 хонанда дар як баст таҳсил хоҳанд кард. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 синфхонаи муҷаххаз бо лавозимоти муосири таълимӣ, маҷлисгохи дорои 202 ҷои нишаст, 2 синфхонаи компютерии дорои 30 адад компютер ва толори варзишист. Дар ин мактаби навбунёд 33 нафар омӯзгор ба муҳассилин таълим медиҳанд. Ҳамчунин дар синфхонаҳои барои фанҳои физика ва кимиё махсусгардонидашуда доскаҳои электронӣ насб шудаанд. Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо шабакаи ягонаи гармидиҳӣ таҷҳизонида шудааст.

Декабрь 6, 2012 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд