Ифтитоҳи отряди сарҳадӣ дар Мастчоҳ

Декабрь 26, 2012 10:39

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Отряди сарҳадии Бӯстон дар ноҳияи Мастчоҳ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмӯъмин Ятимов ва раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода иштирок карданд. Бояд гуфт, ки ин отряд тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизматӣ барои сарҳадчиён аз ҷониби Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо сатҳу тарҳи замонавӣ сохта ва ба истифода дода шуд. Он дорои бинои маъмурии ситод, хобгоҳи аскарону афсарон, ошхона, мошинсарой, ҳаммом, ҷои шустушӯй, нуқтаи тиббӣ, анборҳои хӯроку пӯшок, бурҷи дидбонӣ, майдончаи сафороиву варзишӣ ва буғхона мебошад. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода ва Саидмӯъмин Ятимов бо шароитҳои мавҷуда ошно шуданд ва ба чанд нафар афсару аскар нишони ҷашнии «15 –солагии сарҳад» ва тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Декабрь 26, 2012 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад