«Ишқи осону мушкил»
Душанбе, 28 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ишқи осону мушкил» чунин ном дорад китоби тозанашри адиб ва драматурги шинохтаи тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), ки онро нашриёти «Эр –граф»-и Душанбе аз чоп баровард. Ин китоб муштоқони адабиётро ба олами пурпечутоб, вале фасонабори ҳаёти одамизод раҳнамун месозад. «Ишқи осону мушкил» ишқномаест, ки дар он ҳикояҳои кўчак, эҳсоспораҳо, қисса ва силсилаи ҳикояҳои адиб гирд оварда шудааст. Шераки Ориён яке аз адибони пурмаҳсули кишвар ба шумор меравад ва як силсила асарҳояш бо 40 забони хориҷӣ тарҷумаву нашр гардида, аз рўи қиссаҳояш филмҳои «Аз марг то зиндагӣ» ва «Нақш» ба навор гирифта шудаанд. Инчунин нигоштаҳояш «Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ», «Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ», «Эҷод чист?» Эҷодгар кист?» ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия, кившарҳои аврупоӣ ва Шарқ ворид шудаанд. Маҳсули эҷодиёти адиб бо ҷоизаҳои байналмилалӣ сазовор гардидааст. Асарҳои адиб «Робия», «Роҳбар ва духтари вай», «Шаҳри муқаддас», «Муҳаббат ва ҷасорат», «Бозии қисмат», «Истеъдод лутфи Худовандист», «Посухномаи эҷодгар», «Асл ва одамони он» , «Ҳафт ганҷ», «Фасонаҳои Хуталон», «Қиссаҳои таърихӣ», «Достони ватандорӣ» ба мавзуъҳои муҳаббату садоқат ба ватан , сарнавишту ҳаёти инсонӣ бахшида шудаанд. Дар маҷмўъ Шераки Ориён муаллифи 66 китоб ва 38 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ мебошад. Филмҳои «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дўстонро намефурўшанд», «Чор фасли умр» дар байни мардум маҳбубияти хоса касб кардаанд. Хизматҳои шоистаи адиб, журналист ва драматургро дар рушди фарҳанги тоҷик ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нависандаро бо ордени «Шараф» мушарраф гардонидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






