Иштироки «Равшан» дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми КФО
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё иштироки клубҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти дуюм барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро маъқул ёфт.Қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб дар мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё аз даври гурӯҳӣ шурӯъ карда, дастаи «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода дар ин мусобиқа аз даври ба ном «бохт аз бозӣ» ширкат менамояд. Дар даври гурӯҳӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё 32 клуб иштирок менамоянд, ки онҳо ба 8 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






