Кӯмаки навбатӣ ба хонаи кӯдакон
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар арафаи фарорасии соли нави 2013 Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 128 нафар тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 9750 (нуҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ маводи хӯрокӣ, либосу пойафзол ва молҳои ниёзи аввалия, аз қабили орд, макарон, марҷумак, биринҷ, равған, фурӯзонак, майдаи биринҷ, шакар, туҳфаҳои солинавӣ , бастаи рахти хоб кӯмак расонида шуд. Ин иқдом дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.01.2008 оид ба расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои камбизоат, хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ мунтазам амалӣ мегардад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






