Куния- сеюмин бародаршаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – Дар сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар қатори санадҳои дигари ҳамкорӣ ҳамчунин тафоҳумномаи бародаршаҳрӣ миёни Куния ва Кӯлоби Тоҷикистон ба имзо расид. Абдуғаффор Раҳмонов, раиси шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Тоҷикистон ба ин тафоҳумнома имзо гузошт. Ба ақидаи коршиносон муносибати дӯстонаи наздик миёни Куния ва Кӯлоб ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард. Дар Кӯлоб оромгоҳи файласуфи машҳури машриқзамин М.С.А.Ҳамадонӣ ва дар Куния низ оромгоҳи яке аз саршиносони барҷастаи адабиёти тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мавҷуд аст. Мавриди зикр аст, ки дар даврони истиқлолият Куния сеюмин бародаршаҳри Кӯлоб мебошад.








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






