Лоиҳаҳои ҷопониро мардуми тоҷик амалӣ мекунанд
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 13 декабри соли 2012 тибқи Барномаи кӯмакҳои бебозгашт Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳиройуки Имаҳаши, созишномаҳои грантиро оид ба татбиқи 5 лоиҳаи мухталиф барои дастгирии соҳаи маориф дар ноҳияҳои Спитамен ва Шӯрообод ва ҳамчунин барои беҳтар намудани соҳаи ҳифзи тандурустӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Мурғоб ва Ишкошим ба имзо расонд. Аз ҷумла, лоиҳаи барқарор намудани мактаби № 28 дар деҳаи Нов-и ноҳияи Спитамен, ба маблағи 113,439 доллар, лоиҳаи сохтмони бинои нави мактаби миёнаи рақами 4-и деҳаи “Доғистон”, ҷамоати Доғистони ноҳияи Шӯробоод» ба маблағи 111,889 доллар, лоиҳаи барқарорсозии шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи Марказии ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 107,017 доллар, лоиҳаи бозсозии беморхонаи Марказии ноҳияи Ишкошим ба маблағи 108,655 доллар, лоиҳаи беҳтаргардонии беморхонаи маҳаллӣ дар ҷамоати Қарақули ноҳияи Мурғоб ба маблағи 120,373 доллари ИМА ба имзо расид.Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби худи мардуми Тоҷикистон амалӣ мешаванд. Такмили соҳаи маориф ба ҳаёти кӯдакон ва ҳамчунин ҷомеаи ин маҳалҳо таъсири мусбату давомдор хоҳад расонд. Илова бар ин, дастрас намудани хизматрасонии тиббии муносиб ва боэътимод ҳуқуқи аввалиндараҷаи ҳар як инсон ба ҳисоб рафта, амалӣ гаштани лоиҳаҳои номбурда барои беҳбуди зиндагии мардум ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо дар ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






