М. Маҳмудов : “Маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ бояд ҳамеша дар мадди назар бошад”
Душанбе, 21 декабр. (НИАТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маҷлиси ботантана бахшида ба таҷлили 20 – умин солгарди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба якчанд нуқтаи муҳими вобаста ба самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдорӣ ибрози ақида намуд.Сарвари давлат дар баромади хеш аз ҷумла, шаш самти рушди давлатдории миллиамонро муайян намуда, самти дуюмро аз масъалаи ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ иборат донист. Перомуни ин масъала, ки воқеан ҳам дар раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоотӣ аҳамияти хосса ва аввалиндараҷаро пайдо намудааст, мухбири АМИТ «Ховар» бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АИ ҶТ Маҳкам Маҳмудов ҳамсуҳбат гардид.Раиси суд назари худро доир ба ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ иброз дошта, аз ҷумла қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рўзҳои аввали фаъолияти хеш ба ҳайси Сарвари давлат бо самимият ба халқу ватани худ содиқонаю одилона хизмат менамояд, арзишҳои миллии моро ҳамеша ҳифз кардаву онҳоро муқаддас мешуморад, бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳони мутамаддин ва раванди ҷаҳонишавӣ доимо дар масъалаҳои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ва ба ин васила арҷ гузоштан ба афзалиятҳову дастовардҳои даврони истиқлолият, пос доштани расму оинҳои миллии ниёгонамон ва хотираи бузургони халқи тоҷик ибрози андеша намуда, ҳамагонро ба муттаҳидиву ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмию бародарӣ баҳри пешрафти Ватани азизамон ҳидоят мекунад. М. Маҳмудов дар робита бо дарки амиқи масъалаи муҳиму рўзмарраи мазкур зикр намуд, ки миллати тоҷик дорои таърихи ғаниву рангин мебошад. Саҳифаҳои пурғановату заррини он шаҳодат аз он медиҳанд, ки гузаштагони мо соҳиби фарҳангу маърифати воло буданд ва ташаккул ва рушди низоми давлатдориро бо заминаи мавҷудияти дўстиву бародарӣ, ҳамдигарфаҳмиву баробарӣ , адлу инсоф, эҳтироми қадру манзалати инсонӣ ва фазои сулҳу оромӣ вобаста медонанд ва барои дар руҳияи инсондўстиву ватандустӣ ба воя расонидани насли наврас мекўшиданд. Бузургии миллати тоҷик дар борабари хираду ақлу дониш, ки омили побарҷой ва ҷавҳари пояи устувори тамаддуни фарҳангофарини аҷдоди мо ба шумор меравад, ичунин дар ваҳдатпазириву таҳаммулгароӣ , иттиҳоду ягонагӣ бо дигар миллатҳо, эътирофи дину оин ва фарҳангҳои гуногуни халқиятҳои башар устувор мебошад. Ба ҳар як давлату миллат дар масири таърих бе ворид шудан ба раванди ҷаҳонишавӣ ташаккулу рушд ҳамчун давлати муосир душвор буда, дар ин раванд хоҳу нохоҳ омезишҳои фарҳангҳои гуногун бо фарҳанги миллӣ дучор меояд, ки ин, албатта, ба мафкураву фаҳмиши ҳар як инсон таъсири худро мегузорад.Роҳбарияти олии сиёсии кишвар аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон роҳи рушди давлати муосири миллиро бо назардошти арзишҳои умумии ҷомеаи башарӣ ва падидаҳои раванди ҷаҳонишавӣ пиёда намудааст. Роҳбарият инчунин барои бунёди давлати озоду соҳибмақоми пешрафта, ки дар он ягонагиву ҳамбастагии тамоми мардуми кишвар ҳукмфармо бошад ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ғояи ваҳдати миллӣ ба ҳукми анъана соҳиб гардад, таҳкими муносибати некбинона нисбат ба ҳамаи халқиятҳо бо назардошти арзишҳои милливу маънавӣ ва ба воя расонидани насли ҷавону наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, инсондўстиву меҳнатпарастӣ, равнақи худшиносии миллию маърифати ҳуқуқӣ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб шавад, роҳи бузургеро тай намудааст. Имрўз андешаҳои муосири парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ , хусусан қонунҳои ҳуқуқи миллӣ , ки мақсаду мароми онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бо маром идома меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде қабул ва ба тасвиб расидаанд, ки татбиқи амалӣ ва талқини мазмуну муҳтавои онҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии мамлакат нақши калидӣ дорад. Дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилотиву коммуникатсионӣ, вуруди онҳо ба зиндагии ҳаррўзаи ҷомеаи Тоҷикистон ва тавассути онҳо миёни аҳолӣ паҳн гардидани ҳар гуна маълумоти носаҳеҳу ғайриқобили қабул талаб менамояд, ки маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолӣ ба воситаи талқину татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ , ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, бояд ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошад. Дар ин роҳ инчунин бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои гуногуни он, олимону зиёиён ва ҳар як шахси худогоҳу худшинос саҳми арзандаи хешро гузошта, дар истифодаи ҳадафманд ва ба манфиати ҷомеа равона гардидани илми технологияи муосир саҳми созгор дошта бошанд. Албатта, қарни XXI қарни иттилооту техника маҳсуб мешавад ва дар ин давра рушди низоми технологияи муосир, аз ҷумла шабакаҳои васеи интернет ба назар мерасад ва ҷомеаи мо, хусусан ҷавонони кишвар аз ин илму технологияи рушдёбанда ба таври васеъ истифода мебаранд ва табиист, ки мо аз ин раванд берун буда наметавонем, зеро имрўз рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба рушди теникаву технология вобастагии қавӣ дорад. Вале вақтҳои охир ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки тавассути воситаҳои ахбори оммаи электоронӣ , хусусан шабакаҳои интернетӣ байни аҳолии мамлакат, алахусус ҷавонон маълумоти нодурусту ғайриқонунии дорои хусусияти ифротгароӣ паҳн мегардад. Бинобар ин, пешгирии зуҳуроти мазкур ва хусусан аз тарафи ҷавонон содир шудани қонуншиканиҳо, ин тавассути фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, бо назардошти манфиатҳои давлатӣ таҳкими худшиносии миллӣ, омўзонидани қобилияти дарк ва таҳлили амиқи иттилооту маълумоти гуногун, қабулу истифодаи танҳо он иттилооти дунявие, ки барои рушди давлату давлатдории миллии мо нигаронида шудаанд, ба арзишҳои волои мо мувофиқат менамоянд, зарур ва мувофиқи мақсад мебошад.