М. Неъматов: таълиму тарбияи ҷавонон дар мадди аввал аст

Декабрь 4, 2012 17:13

Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Имрӯз раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи Саймуъмин Раҳимов бо ҷавонон мулоқот намуд.   Дар вохӯрӣ намояндагони дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои Кумитаи ҷавонон ва Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ иштирок намуданд. М. Неъматов ба ҷавонон дар бораи Қонунҳои «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо» ва инчунин оид ба Қонуни «Дар бораи озодии виҷдон ва итиҳодияҳои динӣ» суҳбат намуд. Ӯ ҳамчунин аз ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона изҳори нигаронӣ кард ва онро натиҷаи бемасъулиятии падару модарон номид.Инчунин корманди дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Рашидов дар бораи муносибати дин ва давлатдорӣ дар кишвар бо назардошти фарҳангу маданияти миллат ва тарбияи дурусти ҷавонон ибрози ақида намуд.

Декабрь 4, 2012 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад