Маърифати омўзгор байналмилалӣ шуд

Декабрь 18, 2012 12:07

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсони Солеҳ).- «Маърифати омўзгор» – маҷаллаи таълимӣ, методӣ, илмӣ ва оммавии Вазорати маорифи Тоҷикистон соҳиби рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ– ISSN гардид.  Ирина Стрелникова-Наулин–масъули бахши китобдории Маркази байналмилалии ISSN аз Фаронса дар ҷавоб ба муроҷиати электронии роҳбарияти маҷаллаи «Маърифати омўзгор» гуфтааст, аз 14 декабри соли 2012 ба маҷаллаи «Маърифати омўзгор» рақами ISSN 2306-4293 дода шуд ва акнун ин нашрия бо калидвожаи «Ma’rifati omuzgor» дар тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон қобили дарёфт аст. Гуфта шуд ISSN (рақами силсилавии стандарти байналмилалӣ) аз ҳашт рақам иборат буда, имкон медиҳад, ки ҳама гуна интишороти силсилавӣ, новобаста аз макону забони нашр, дар системаи китобдории байналмилалӣ ба қайд гирифта шаванд. Ҳоло теъдоди рақамҳои ISSN дар дунё беш аз миллион ададро ташкил медиҳад, ки ҳар яке хоси нашрияи алоҳидае аз 239 кишвари ҷаҳон аст. Ҷараёни ихтисос додани ISSN аз тарафи 75 маркази миллӣ идора гардида, фаъолияти онҳо аз ҷониби Маркази байналмилалии ISSN дар шаҳри Париж зери сарпарастии ЮНЕСКО ва ҳукумати Фаронса танзим мешавад. ISSN ба ноширон, китобдорону кормандони соҳаи илм ва хонандагон имкон медиҳад, ки нашрияҳоро бе ягон мамониат дар тамоми марказҳои илмии ҷаҳон ҷойгир созанд ва ҳангоми зарурат ба осонӣ дарёфт намоянд. Акнун омўзгорону аспирантон ва унвонҷўён метавонанд бо нашри маводи худ дар маҷаллаи «Маърифати омўзгор» на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ пажуҳишҳои илмии худро ба доираи васеи хонандагон муаррифӣ созанд.

Декабрь 18, 2012 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад