Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд забондонии худро тасдиқ намоянд
Душанбе, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 1 декабри 2012 мутобиқи тағйироти нав дар Қонунҳои федералӣ «Оид ба низомномаи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР» ва «Оид ба таҳсилот», шаҳрвандони хориҷӣ аз кишварҳое, ки бо ФР низоми бераводид муқаррар карданд, ҳангоми кор кардан дар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдои чакана ва хизматрасонӣ боямуҳовара ( 800 калима) пешниҳод намоянд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, аз рӯи талаботи нав ба муҳоҷироне, ки ин сертификат ва ё ҳуҷҷате аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи Русия эътирофшавандаро пешниҳод намекунанд, ба расмиятдарории иҷозатномаи кор имконнопазир мешавад. Мутобиқи иттилои Маркази матбуоти ХФМ Русия дар айни замон дар ҳудуди федератсия 4 маркази базавӣ: Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН), Донишкадаи забони русӣ ба номи Пушкин, Донишгоҳҳои давлатии Маскав ва Санкт-Петербург ва дар заминаи онҳо шабакаи марказҳои тестгузаронӣ дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият мекунад.Ғайр аз ин барои муҳоҷирон дар ФР 238 курс (53 тояш ройгон) ифтитоҳ шудааст. Ин талабот ба шаҳрвандоне,ки дар кишварҳояшон забони русӣ мақоми давлатӣ дорад, ҳамчунин ба мутахассисони соҳибмалака дахл намекунад. Ин дигаргуниҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҶТ низ, ки мехоҳанд дар ФР дар соҳаҳои мазкур фаъолияти меҳнатӣ дошта бошанд, тааллуқ дорад. Бояд қайд намуд, ки омӯзиши забони русӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои олии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар назди шуъбаҳои ноҳиявии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои муҳоҷирони меҳнатӣ пайваста курсҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ ройгон ташкил мешавад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






