Муҳоҷирони зарардида ба ватан фиристода шуданд

Декабрь 11, 2012 11:44

Душанбе, 11 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муҳоҷирони меҳнатие, ки бар асари қаллобии фурӯшандагони чиптаҳои қалбакии ҳавопаймоҳо зарар дидаанд, ба ватан фиристода шуданд.Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР, 10 декабр бо мадади намояндагӣ 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои ширкати саҳмдорон бо чиптаҳо таъмин намуда ва ба ватан фиристода шуданд. Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, ин шаҳрвандон бар асари қаллобии кормандони марказҳои чиптафурӯшӣ, ки чиптаҳои қалбакии ҳавопайморо ба савдо мебароварданд, зарар дидаанд.Алҳол намояндагӣ барои баргардонидани маблағҳои зарардидагон чора мебинад. Дар робита бо ин, Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР шаҳрвандони ба ватан баргаштаи Тоҷикистонро огоҳ мекунад, ки чиптаҳоро фақат аз бунгоҳҳои расмӣ харидорӣ кунанд.

Декабрь 11, 2012 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад