Муҳокимаи масъалаҳои озодии дин ва виҷдон
Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-11 декабр дар Душанбе вохӯрии ҳайати Комиссияи байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодии дин таҳти роҳбарии Сем Геҷденсон бо муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Нурулло Орипов баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили озодии дин, виҷдон, эътиқод ва пешгирии ҳама гуна амалҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва сепаратистиро баррасӣ карданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, муовини вазири корҳои дохилӣ зимни мулоқот гуфт: «Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, муколамаи давлат ва динро дуруст ба роҳ мондааст, ки ин барои пешрафти ҷомеа ва таҳкими симои байналмилалии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Инчунин дар даҳсолаи охир масъалаҳои терроризм, экстремизм ва сепаратизм ба худ шаклҳои гуногуни фаъолиятро касб намудаанд, ки аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ ошкору пешгирӣ мешаванд».








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






