Мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Имрӯз дар Дафтари амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва даври ҳаштуми Муколама дар мавpӯи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон доир гардид.Дар ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ дар соли 2012 ҷамъбаст гардид. Дар робита ба ин маълумоти раиси Комиссияи байниидоравӣ, мудири шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Абдусаттор Раҷабов оид ба натиҷаи фаъолияти комиссия дар соли 2012 ва ҳисоботи роҳбарони гурӯҳҳои кори Комиссия, муовини аввали Прокурори генералӣ, муовини вазири маориф, муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовини раиси Кумитаи ҷавонон шунида шуда, масъалаҳои ҳуқуқию ташкилии мубориза бо чунин зуҳуроти нангин мавриди баррасии амиқи иштирокчиён қарор гирифтанд.Қобили тазаккур аст, ки мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар маркази диққати роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар айни замон дар қаламрави кишвар «Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» тадбиқ мегардад. Дар чорабинӣ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ низ иштирок намуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






