Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Ҷопон

Декабрь 28, 2012 14:52

Душанбе, 28 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хироюки Имахаширо ба ҳузур пазируфт.  Ҷонибҳо вазъу дурнамои рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар, роҳандозии ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои иқтисодиёт, савдо, фароҳам овардани шароити мусоиди ҷалби сармояҳо, рушди инфрасохтори нақлиёт, масоили ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва масоили дигари ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 28, 2012 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад