Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо раиси Агентии миллии Украина оид ба масоили хадамоти давлатӣ Вячеслав Толкованов сӯҳбат намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши идораи давлатӣ, рушд ва такмили хадамоти давлатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Раиси Хадамоти миллии Украина аз фаъолияти Агентӣ, масоили танзими ҳуқуқӣ ва бо кадрҳо таъмин намудани хадамоти давлатӣ, такмили низоми тарбия ва бозомӯзии хидматчиёни давлатӣ хабар дод.Шӯҳрат Султонов изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон хостгори рушди ҳамкории дуҷониба дар ин масъалаҳо мебошад. Мавсуф пешниҳод намуд, ки таҳия ва мутобиқати санадҳои дахлдори муштарак ҷиҳати имзо дар ҷараёни сафари расмии Президенти Украина Виктор Янукович ба Тоҷикистон, ки ба нимаи аввали соли 2013 пешбинӣ шудааст, тезонида шавад.Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






