Мусодираи миқдори бузурги маводи мухаддир

Декабрь 13, 2012 08:40

Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва марзбонон танҳо дар давоми чор рўзи моҳи декабри соли равон дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷу Қумсангири вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе силсилаи амалиёти фаврию ҷустуҷўйиро анҷом дода, дар натиҷа қариб 226 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки рўзи 10-уми декабри соли ҷорӣ бо мақсади барбод додани кўшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути марзи давлатӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон амалиёти махсус гузаронида шуд. Қочоқбарони афғон ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонон муқобилияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ якчанд қочоқчӣ захмдор гардида, ноилоҷ ба самти Афғонистон фирор карданд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори махсусан калон — 176 килограмм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Ҳамчунин 1 адад милтиқи шикории истеҳсоли хориҷии қутраш 12 милиметра, ки ба қочоқчиёни захмбардошта тааллуқ дошт, дарёфт шуд. Тавассути роҳу воситаҳои фаврӣ соҳиби аслии бори мусодирашуда — шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муайян гардид. Бо мақсади халал нарасонидан ба ҷараёни тафтишоти пешакӣ аз баёни ному насабаш худдорӣ мешавад. Худи ҳамон рўз боз як амалиёти фаврию ҷустуҷўйӣ дар ҳудуди ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуд. Дар натиҷа узви гуруҳи муташаккили ҷинояткор Шамсиддин валади Холмурод, 21-сола, зода ва истиқоматкунанди деҳаи Арқакул, улусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт гардид. Аз номбурда ба миқдори 9 килограмму 588 грамм маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд. 7 декабри соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳудуди кўчаи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Душанбе чорабинии дигари фаврию ҷустуҷўйӣ анҷом дода шуд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз бордони мошини сабукрави тамғаи «Опел» миқдори махсусан калони маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид. Санҷиши минбаъда нишон дод, ки дар халтаҳо 88 адад бастаи чоркунҷашакли навъи ҳашиш, ҳар кадомашон бо вазни аз 412 грамм то 530 грамм, ҷойгир карда шудаанд. Ҳаҷми умумии бори мусодирашуда 39 килограмму 600 граммро ташкил дод.Бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон- Икромиддин Худойназаров, соли таваллудаш 1985, Карим Каримов, соли таваллудаш 1962 ва Хуршед Расулов, соли таваллудаш 1984 боздошт шуданд.Ба харидуфурӯши маводи марговари мухаддир даст задани нафаронеро, ки соҳиби номҳои «эшон»-у «ҳоҷӣ» гардидаанд, чӣ тавр метавон шарҳ дод? Оё аъмоли ин гуна ашхос ба қонунҳои дунявӣ, ба муқаррароти шаръӣ ва ё динӣ рост меоянд?Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом доранд.Ҳамин тавр, хизматчиёни ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар давоми 4 рўз аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 226 килограмм, дар маҷмуъ аз аввали соли 2012 зиёда аз 3 тоннаю 180 килограмм маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Декабрь 13, 2012 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд